БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ МАҲБУБИ МО

АНДЕША. Бо  зуҳури  Истиқлолият  чун  неъмати бебаҳо ва гаронмоя  миллати  азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид.  Истиқлол волотарину  пурарзиштарин  дастоварди  давлату  миллати  тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст.  Истиқлол  рамзи  соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро  бо дасти  хеш  навишта, роҳу  равиши  хоса  ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи  ҷаҳонӣ пайдо кард. Набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили  иттиҳоду сарҷамъии мардуми  фидокору ватандӯсти мо василаи муҳимтарини ҳифзи  асолату ҳувияту милли ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳ ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Истиқлол  чун  олитарин  меҳмони  пурфайзу пурсаховат аст, ки соли 1991 ба  кишвари  мо қадам ранҷа намуд. Гарчанде  душманони қаттоли ин сарзамини биҳиштосо тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро накарда  миллати буруманди тоҷикро бар зидди  ҳамдигар ҷанг андохта  муҳоҷир  намуданд. Аммо  ба  ҳамаи  ин  сахтиҳо мардуми сарбаланди  тоҷик ғолиб омада давлати соҳибистиқлоли худ, яъне Тоҷикистонро барпо намуданд.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки - 30 сол муқаддам хамчун муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти миллат ба вуҷуд  омад. Ин неъмати бузург ба мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён нуру зиё , меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ овард. Даврони истиқлолият барои мо имконият фароҳам оварда, мустақилона роҳи минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи  демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият ба ҳар як  шаҳрванди тоҷик  рамзи олии ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдории мустақил, кору пойкорҳои пайгиронаи  созанда  азму  талошҳои  фидокорона  дар роҳи расидан  ба ҳадафи сиёсӣ,  иқтисодӣ  ва фарҳангӣ буда, меъёрҳои ҷомеаи  шаҳрвандиро таҳким  бахшид  ва бахту соадати воқеии миллатро  таъмин намуд. Истиқлолият нишонаи барҷастаи  пойдории давлат, бақои миллат, рамзу асолату ҳувият, шарафу эътибори ба ҷаҳони  мутамаддин пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мебошад.

Тамоми  сокинони кишвар  имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол  қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори  истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро  ниҳода,  бо шарофати он соҳиби  рамзҳои  давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди милли гардидем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз суханрониҳояшон  гуфтаанд  «Ба хотири ҳифзи ин неъмати  бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурухшони он мебошад, ҳамчунин барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот. Ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии  халқи азизамон ҳар яки  мо вазифадорем,  ки  минбаъд  низ  тамоми донишу таҷриба  ва саъю  кӯшиши худро ба ин роҳи  пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро  боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем».Дар ҷараёни татбиқи ин хадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи начандон тӯлонӣ  арзишҳои демократии ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шудаанд ва баҳри таҳкими дастовардҳои истиқлолият ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини ҳуқуқу  озодиҳои инсон  ва шаҳрванд  мусоидат намуданд.  Тавассути  истиқлол  Тоҷикистон тоҷикони  ҷаҳонро  бо ҳам овард  ва  дари худро  ба рӯйи ҳамиллатони  бурунмарзӣ   боз  намуд.  Самараи неки  истиқлол  аст, ки имрӯз  Тоҷикистон  дар дунё  чун  давлати сулҳхоҳу  сулҳпарвар  шинохта  мешавад.  Таҷрибаи сулҳи тоҷикон  манбаи омӯзишу  сулҳхоҳони ҷаҳон ва  бештар, боиси  ифтихору сарфарозии  ҳар як  шаҳрванди кишвар  мебошад.

 Туро ман дӯст дорам, Тоҷикистон

 Гирифта ишқи ту ҷо адр дилу ҷон

 Шукуфои насибат гашт имрӯз,

 Худо бошад туро доим нигаҳдор.     

Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg