АНДЕША. Ҷавонони Тоҷикистони муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахтарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мардуми соҳибиқболи мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушду нумўи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба ин рўзи нек расидем. Дар идомаи сиёсати таълиму тарбия ва дастгирии ҷавонон, Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва таъкид карданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Аз ҳамин лиҳоз ҳар як ҷавони бонангу номус бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созад. Таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва ба сулҳу ваҳдат омадани миллатро, бо ҳама бурду бохтҳояш, биомўзад.
Ҳама дунё дар орзуи ҷавонист! Аз ин рў ҳар як ҷавон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне ҷавонӣ, бирасад.
Баъзан аз софии дили ҷавонон, ки аз ҳирсу ҳасаду бадбинӣ холист, истифода карда, онҳоро бо роҳи бад ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ – хиёнат ба Ватан ҳавола медиҳанд. Вале дар ҳама ҳолат ҷавонмард бояд фаромўш накунад, ки бахти инсон ва маҳбубияти ў дар дунё танҳо бо Ватан – Модар амалӣ мешавад.
Ба қадри ҷавонӣ расидан – ин аз сахтии рўзгор наҳаросида соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шудан аст, то ки худро ва дигаронро бишносӣ, то ки дар ҳаққи ту бигўянд: «Ў ҷавонмарди хубу бомурувват аст» ва ё беҳтараш «Ӯ ҷавонмардест, ки мо бо фазилаташ ифтихор дорем». Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нафармудаанд, ки:
Гила аз сахтии айём бигузор,
Ки сахтӣ нокашида камёр аст.
Намебинӣ, ки оби ҷўйборон,
Агар бар санг ғалтад хушгувор аст.
Месазад, ки ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд. Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрўз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги порсии тоҷикӣ табдил доданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Поянда бод нерӯи ҷавонони Тоҷикистон ва Истиқлолияти миллӣ!
Суман Назурова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон