
АНДЕША. Забони тоҷикӣ аз даврони бостон то кунун парчамбардори корвони маърифати анбои башар дар паҳнои ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Забони модарии мо, яъне забони ноби тоҷикӣ забони Рӯдакию Фирдавсӣ, Низомию Ҷомӣ, Саъдию Синои бузургвор ва садҳо донишмандони дигари миллатамон буда, таърихи хеле қадима дорад. Ин забони шаҳдрез дар асри Х дар аҳди аввалин давлатдории тоҷикон Сомониён ба авҷи баланди такомул расида буд.
Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон табиист, ки ҳар кадоме аз ин давлатҳо соҳибзабонанд. Дар ин росто, мо низ соҳиби забони модариии худамон ҳастем, ки онро ҷаҳониён ҳамчун забони шеъри ноб ба қавли дигар забони аҳли биҳишт мешиносанд.
Чун халқи куҳантаърихи тоҷик табиатан рўҳияи истиқлолхоҳӣ дорад, бо фароҳамии аввалин имконот дар охири солҳои 80-уми асри ХХ барои соҳибмақом гардидани забони модариаш аҳлонаву қотеона талош варзид ва дар байни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар бораи мақому мартабаи забони модарӣ қонуни махсус қабул кард ва дар асоси он қадамҳои нахустин баҳри мақоми ҳақиқии забони тоҷикӣ гузошта шуданд. Бо ин ҳама танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва файзи Ваҳдати миллӣ забони тоҷикӣ мавқеи воқеию шоистаи худро ёфт ва ба ҳайси забони давлатии ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Ҳар фарди соҳибхираду ватандӯсти миллатро мебояд, ки таҳкими мақоми забон ва покизагии он ва қудратфизоиаш саҳмгузор бошад. Муҳимтар аз ҳама дар ҷодаи густариши забони тоҷикӣ саҳми сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Сарвари муҳтарами кишварамон дар шумори дигар муқаддасоти миллат ба забони модарӣ ҳамеша арҷгузорӣ дорад ва онро яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дониста, дар ин бора гуфтаанд: «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ мебошад.
Бо дастуру ташаббусҳои Президенти кишвар 5 октябр «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гашт, дар мамлакат барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъмини мавқеи волои он нерўи махсус - Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Дар оянда боз ҳам таҳким ёфтани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бештар нерўманд гаштану густариш ёфтани забони давлатӣ аз худи мо соҳибзабонон вобастагӣ дорад.
Пас, мо муваззафем, ки забони модарии хешро гиромӣ бидорем, зеро забони давлатии мо рукни асосии ҳифзи ваҳдат ва рамзи ҳуввияти миллии мост. Хуб мебуд, ки ҳар рӯзи умри мо Рӯзи забони модарӣ, Рӯзи парастиши фарҳанги миллат бошад.
Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ