ПАНҶ. Дирӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди паҳншавии пандемияи COVID-19 бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳангоми баргузории суҳбату вохӯрӣ сокинонро таъкид карданд, ки бо истифода аз гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ худ ва дигаронро аз ин бемории хатарнок ҳифз намоянд.