БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ЁВОН ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021- РО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ҶАЪБАСТ НАМУДАНД

ЁВОН. Дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир карда шуд. Дар кори маҷлис узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони ниҳоди вилоятии ҳизб Раҷабзода Қурбонгул, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони ҳизбӣ ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони ВАО  иштирок намуданд.

Маҷлис аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия Раҳматуллоев М. А. ифтитоҳ гардида, аҳли раёсат ва рӯзномаи маҷлис ба ҳозирин шинос карда шуд. Ҳамзамон раиси Кумита оид ба фаъолияти сохтори ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳисобот пешниҳод намуд.

Пас аз баромади раиси Кумита мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Расулов Ғ. ба сухан баромада,  оид ба ташаббусҳои ҳизбӣ суханронӣ кард.

Инчунин, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба сухан баромада, иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои асосии дар назди ҳизбиёни ноҳия ин дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил намудани маъракаи Обуна- 2022 мебошад. Ҳамзамон аз ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки маъракаи Обуна 2022-ро бо сари баланд ба анҷом расонанд.

Дар фарҷом Раҷабзода Қурбонгул ба сухан баромада,  оид ба бурду бохти ҳизбиёни ноҳия суханрони намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg