БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табиати зебои диёр омили рушди сайёҳӣ

ПАНҶ. Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ахлоқӣ ва маърифати экологии насли наврас, ва ба ин восита  бедор намудани ҳисси ватандӯстии онҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ 11 майи соли равон чорабинии маърифати- экологӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиати диёр»  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва донишҷуёни литсейи касбӣ техники №51 иштирок намуданд. Онҳо вобаста ба мавзӯъҳои оби тоза, табиати диёри ман, ҳайвоноти Тоҷикистон, гиёҳҳои шифобахш ва меъморӣ маҳсули меҳнаташонро ба намоиш гузошта буданд.

Ин тадбир метавонад наврасон ва ҷавононро барои расидан ба қадри неъматҳои табиат, ҳифз ва нигаҳдошти онҳо тарбия намуда, ба ин восита маърифати экологии онҳоро метавон баланд бардошт, зеро ки инсоният бо табиат зинда аст. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро зарур аст, ки дар самти ҳифзи табиат ва неъматҳои он ҷаҳду талошҳои ғамхорона намуда, дар ин айёми  тағйирёбии иқлим ба хотири зинда мондани олами набототу ҳайвонот иқдомҳои эҳёгаронаро рӯйи кор гирад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg