ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо бошандагони деҳаи мазкур вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар Ватан ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб иштирок доштанд.
Иштирокдорон оид ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, аз ҷумла оид ба талошҳову тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти норасогии оби ошомиданӣ, вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам, таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.