БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНӢ ВА ГУРӮҲИ 24 БО КУШОДАНИ ДАҲОНАШОН ПАЛИДИИ ХУДАШОНРО ОШКОР МЕСОЗАНД!

ВОКУНИШ. Мутаассифона, имрӯзҳо дар пахшҳои мусақими ТТЭ ҲНИ амалҳои бехирадонаи баъзе ҷавонон мушоҳида мегрдад. Шояд аз надоштани саводи кофӣ ва дониши сиёсӣ бошад ва ё огоҳ набудан аз мақсаду нияти ТТЭ ҲНИ бошад, ё ин ки бо ду пули ночизе худро фурӯхтаанд. Шояд, он ҷавонон мақсади асосии ин мухолифонро, ки бар зидди оромии давлату миллат ва минтақа аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон ва мутеъ намудани халқи тоҷик ба дигар аҷнабиён равона шудаанд. Намедонанд. Як гурӯҳ ҷавонон ҳангми суҳбат дар пахши мустақим бо Муҳаммадиқболи Садриддин қайд мекунанд, кӣ: “Сарам аз бекорӣ дар таксари часпидааст”, “Дар Тоҷикистон ягон кор нест ки кунем” ё “Мо аз давлат чӣ дидем?”.

Якум, ин ки ягон давлате нест, ки шаҳрвандонаш кор накунанд, истироҳат кунанду давлат ба онҳо нон диҳад, то хӯранду хоб кунанд. Албатта, дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба кор таъминкунӣ ҳаст, аммо бо вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро дар 30 соли охир ба инобат гирифтан лозим аст. Дар баробари ин давлати ҷавони мо ҳадафи стратегии худро амалӣ карда, дар ҳоли иҷрои ҳадафи чорум, ки саноаткунонии босуръати кишвар қарор дорад. Да ин рӯзҳо мо шоҳиди онем, ки чиқадар корхонаҳои саноатӣ сохта шуда, мардум ба ҷойҳои нави корӣ таъмин  гардида истодаанд.

Дуюм, ин ки ҳар як шахс дар зиндагӣ барои ризқу рӯзи ёфтан ҳаракат мекунад, талош меварзад ва ҷояш ояд рақобат мекунад. Ҳатто мақоли халқи аст, ки Худованд мегуяд: “Аз ту ҳаракат аз ман баракат”. Оддӣ гӯем, ҳамон ҷавононе дар пахшҳои мустақими islohTV суханронӣ мекунанд, умри онҳо ба 20-30 сол ва боло аз он расидааст, ҳатто касбе ҳунаре надоранд, то ки меҳнат кунанду ризқу рӯзӣ ба даст оварда, зиндагияшонро хубтару беҳтар кунанд. Боз шарм надошта, дар пахши мустақим дар барномаи мухолифи халқи тоҷик ва аъзои ТТЭ ҲНИ М. Сариддин islohTV -”Минбари Муҳоҷир” баромада, эътироз баён мекунанду мегӯянд, ки “Сарам аз бекорӣ дар болишт часпидааст”, “Дар Тоҷикистон ягон кор нест, ки кунем” ва ғайраҳо. Акнун гумроҳи ҷоҳил дар Тоҷикистон 9 миллион нафар кору ризқу рӯзӣ ва зиндагиашро бурда истодааст, магар ту намеёбӣ?. Шоир Абдулқодири Бедил хуб аҳволи чунин аблаҳонро дарк карда, қайд кардааст:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад.

Бо кушодани даҳонатон палидии худатонро ошкор насозед. Воқеан чунин нафарон ҳамон гумроҳоне ҳастанд, ки аз умри қиммати худ сарфакорона истифода бурда наметавонанд ва дигаронро низ бо роҳи нодуруст бурдан водор месозанд. Ин каҷбинон аз нотавонӣ дар дилашон ҳасад бо кибру ғурур даромехта бо худ намедоанд чӣ карда истодаанд. Фикр мекунам беҳтараш бояд мардум худро аз ин палидони наҳзатӣ  ва Гурӯҳи 24 канор гиранд, чунки боварии комил дорам, ки касе бар зидди давлат, миллат, ҳукумат ва конкнҳои амалкунандаи мо мухолифат нишон медиҳад, дар муддати кутоҳтарин ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Суҳбати чунин ҷавонони асолатбохтаро дар пахши мустақими  ТТЭ ҲНИ М. Сариддин islohTV -”Минбари Муҳоҷир” шунида, яқ мақоли халқие ба ёдам омад, ки марди бекорхуҷае номи “Шуғнон”-ро мешунаваду фикр мекунад, ки дар ҳақиқат ҷое будааст, ки шуғҳо (яъне девори атрофи хонаҳо) бо “Нон” ҳастанд. Як муддат фикр ба ҳамин  мекунаду пайи ҷустуҷӯи  “Шуғнон” мешавад. Дар ниҳоят бо пурсуҷуи зиёд ба “Шуғнон” мерасад. Мард мебинад, ки ягон шуғ бо нон нест. Кучаҳо ба монанди кучаҳои зодгоҳаш муқарарӣ аз сангу гилу чуб ҳастанд. Мард ҳайрон шуда, ба назди муйсафеди дар даруни замин шудгор кардаистода, равон мешавад. Мард аз муйсафед баъди салому калом мепурсад, ки падар ҳаминҷо “Шуғнон” аст. Муйсавед дар ҷавоб мегӯяд, бале. Мард мегӯяд ба фаҳмидагии ман “Шуғнон” бояд шуғи атрофи хонаҳо аз нон бояд бошад. Муйсафед дар ҷавоб мегӯяд, писарам ҳамин ҷувонҳоро (говҳо ҷуфтӣ) бо ин юғу испор (олоти ҷуфкунӣ бо ҳайвонҳо) дидӣ. Мард мегуяд бале. Муйсафед мегуяд ана ҳаминро дошта корро идома дода, заминро ҷуфт кун баъд ман ба ту нон меорам, якҷо таъом мехӯрем. Ин деҳаро барои он “Шуғнон” мегӯянд, ки мардум бо меҳнати ҳалол нони фаровон ба даст меоранд. Мард мегӯяд, эй бобо манки кор мекардам, дар ҳамон зодгоҳам кор бисёр буд, мекардам. Ман фикр кардам, ки дар ин ҷо  шуғхо бо нон ҳасту ман дар зери сояи он нишаста нон хӯрда хоб мекунам.  Чуноне дар боло қайд кардем баъзе ҷавононе, ки дар пахшҳои мустақими гурӯҳҳои мухолифин дар тамос шуда, мегӯянд, ки: “Сарам аз бекорӣ дар таксарӣ часпидааст”, “Дар Тоҷикистон ягон кор нест, ки кунем” ва ба монанди ин суханҳои по дар ҳаво мегӯянд, аслан донанд, ки аз қабили ҳамин тоифаи мардуманд.

Дар воқеъ ривоятҳои халқӣ аз ҳаёти аслии инсонҳо бардошта шудааст ва ҷанбаҳои тарбиявиро низ доро мебошанд. Мақсад аз ин матлаби болозикр якум ин ки наҳзатиҳои ифротӣ худ дар хона зери сояи салқин нишастаанд, байни мардум тафриқаву низоъ андохта ва норозигӣ ба вуҷуд меоранд. Дуюм атрофи худ як гурӯҳи кучаки ҷавонони ноқобилеро ҷамъ овардаанд, ки аслан аз суҳбату ҳаракатҳои онҳо маълум аст, ки бехирате беш нестанд. Ҳатто ҳамон мардуме, ки тарафдори онҳо ҳастанд намедонанд, ки мухолифон бо ин бозиҳои сохтакориҳояшон даромадҳои бешумор аз ҳисоби муҳоҷирон ба даст меоранд. Ҳатто агар мушоҳида карда бошед, худашон ё бо дасти нафарони сохтае дар даруни ҳар як шарҳи (коментарияи) пахши мустақимашон мегӯянд, ки лайк монед бародарон, каментария кунед, лайкҳову камметарияҳоро зиёд кунед, то дигарон бинанд ва ба монанди ин дигар суханҳои сохта. Оё мардум аз куҷо медонад, ки шумо мухолифон аз ин лайку коментария ба ҷайбатон маблағ медарояд.?

Хамзамон, нафарне дар пахши мустақим ҳангоми суҳбат ба М.Садриддин лоф аз он мезананд, ки мо дар муҳоҷират ҳастем, “Чанд вақт шуд дар муҳоҷират бо надоштани ҳуҷҷат дар ҳолати гуреза қарор дорем”, “Ягон нафаре нест ба доди мо расад”, “Аз гуруснагӣ мурдаем, чанд рӯз шуд, ки чизе нахурдаем” ва дигар суханҳо азҳ қабили инҳо. Акнун худ хулоса кунед, ки инсон, чи кор мекунад, ки худро ба чунин ҳол гирифтор кардааст? Мо низ аз ҳамин мактаби муҳоҷират гузаштаем. Ба фикри ман шахсе ба муҳоҷират меравад, конунҳои ФР эътироф ва риоя кунад, ба монанди инсон меҳнати ҳалол кунад, ба фаҳшу зино ва корҳои нашъамандӣ даст намезанад, албатта ба чунин ҳолатҳо гирифтор намешавад. Боз, ин хоинони наҳзатӣ гуфтаҳои ингуна нафароне, ки ба монанди худашон лофи шайтонӣ мезананд сар ҷунбонида тасдик мекунанд.

Аз тамоми халқи тоҷик, ҷавонони худогоҳ даъват ба амал меорам, ки ба сафсатаҳои чунин грӯҳҳои ифротию террористӣ гуш надиҳанд. Ягон ҳарфи онҳо барои ободии давлат ва миллат нест. Агар мушоҳида ва таҳлил карда бошед, тамоми ақидаҳои онҳо бар зидди нест кардани фарҳанг, илм, тамаддуни халқи тоҷик ва аз байн бурдани давлати тоҷикон равона шудааст. Дар ин росто, ҳар як ҷавони хештаншиносу ватандӯст бо ҷасорату мардонагӣ, далерию ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, илму дониши балан, маърифату ҷаҳонбинӣ ва одобу ахлоқи намунавӣ мусаллаҳ гардида, мубориза бояд бурд. То ин мухолифон натавонанд байни халқи тоҷик нооромию фитна андозанд ва сулҳу оромии давлати Тоҷикистонро, ки ба қурбонии 180000 нафар-бо баҳои ҷон ба даст омадааст, бори дигар пайравӣ ба наҳзатиёни бадхоҳ, ки солҳои 90 бар сари халқи тоҷик бо ҳамин ақидаҳои ифротияшон “Ҷанги бародаркуш”-ро оварда буданд, ноором созанд.

Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg