БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНИ МО АЗ МАКТАБ ВОБАСТА АСТ

А.ҶОМӢ.  Мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси аъзои ҳизби муассиса  ва дастгирии  кумитаи падару модарон,  синфхонаҳои муассисаи таълимии №1-и ноҳия, ки ба таъмири  ҷорӣ эҳтиёҷ дошт, корҳои  таъмиру тармимро қариб, ки ба пуррагӣ анҷом мебахшанд.

Бо дастгирии волидайн ва шахсони саховатманди ноҳия,ки аксар аъзои ноҳиявии ҳизб  мебошанд, қисми дохилии муассисаи таълимӣ таъмир шуда истодааст.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи  аъзову ҷонибдорони ҲХДТ,ки узви кумитаи падару модарони муассиса мебошанд, маводҳои лозима харидорӣ шуда,  рӯзҳои наздик баҳри омода намудани муассиса ба соли нави хониш таъмирро анҷом хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg