БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН САОДАТИ МОСТ!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” бораи нимсолаи аввал соли 2021 иштирок намуданд.

Дар маҷлис масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Инчунин, Шарипов Алихон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон иштирок дошта, оид ба масъалаи сазовор истиқбол намудани ҷашни дарпешистодаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо роҳи иштирок дар аксияю ҳашарҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии Ватан – саодати мост” саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg