БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. 30-соли Истиқлолияти давлатӣ барои хурду калони кишвар боиси сарфарозиву хушнудиҳост, зеро ки дар тамоми соҳаҳо пешравию дастгириҳо ба мушоҳида мерасад. Агар пешравию меҳрубониҳои давлату Ҳукуматро дар самти кор бо занон гирем, мебинем, ки дар зарфи 30 солаи Истиқлолияти давлатӣ кор бо занон, дар ҷодаи сиёсат қадам ниҳодани занону бонувон, ҷо ба ҷогузории кадрҳои лаёқатманду сермаҳсули соҳаи занон, дар ҳамаи шохаҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти намудани қишри занони кишвар нишонаи соҳибэҳтиромии зан-модари тоҷик аст.

Яке аз рӯйдоди басо наҷиб ва таърихие, ки дар Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик ба вуқӯъ пайвастааст, ин ҳам бошад аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Сафири Созмони мазкур таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ мебошад. Бо чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони  соҳибистиқлол падидаи нав буда,  аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Дар воқеъ ҷомеаи мутамаддинро бе нақши зан тасаввур кардан мумкин нест. Хушбахтона, бузургтарин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки занони заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчи бештар ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар як муҳлати кӯтоҳ дар ин самт корҳои намоён ва дастовардҳои назаррас ба даст омадааст.

Дар ин ҷода, дар талқини ғояву ҳадафҳои наҷиби ватандорӣ ва ифтихори миллӣ дар муҳити оила ва ҷомеаи Тоҷикистон барои занони кишвари азиз барору комёбиҳо таманно дорам. 

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg