КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар маҳаллаи “Чапаев”-и ҷамоати деҳоти Заргар вохӯрӣ доир гардид. Дар оғози мулоқот Абдуллоев Мирвоҳид суханронӣ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, амалӣ намудани Паёми Пешвои Миллат, ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар рафти маҷлис оид ба Ваҳдати миллӣ ва масъалаҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВИЧ/ СПИД, сил ва умуман гигиенаи шахсӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ , дастгирии бевоситаи ҳунармандон, суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ мазмуну муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад” аз 12 май соли 2018 ва вохӯриашон дар ноҳияи Данғара аз 2 июни соли 2018 баргузор гардид, ба иштирокдорон расонида шуд.