БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад

КӮЛОБ. Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Дар ин миён мубориза бар зидди он ва ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа яке самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мансуб меёбад.

Дар ҳамин замина бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” Комилов Алӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул ба сухан баромада, қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳизбиву давлатӣ, ин ба роҳ мондани механизми пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад. Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он масъулони ҳизбӣ, мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Комилов Алӣ дар навбати худ баромад намуда, изҳор кард, ки коррупсия аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии дилхоҳ кишвар ба ҳисоб меравад. Самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg