БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм – хатар дар ҷомеа

ДАНҒАРА. Тибқи нақша–чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати деҳоти Себистон  бо сокинон суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯъи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифрогаро ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ” доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад диққати аҳолиро ба ҳатарҳои терроризму ифротгароӣ ҳамчун падидаи манфӣ дар ҷомеа ва ҷалби бештари ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат равона намуд.

Дигар шахсони масъул фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба беҳбудии ҳаёти сокинон нигаронида шудааст, баён дошта, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри ободии Ватан ва осудагии рӯзгори  шаҳрвандон раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg