ДАНҒАРА. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” маҷлис гузаронида шуд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти шашмоҳа ва вазифаҳо барои оянда шунида шуда, аз тарафи аъзои ташкилот Раҳимов Х. раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Хоҷагии ҷангал” интихоб гардид.
Сипас, Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ маслиҳат дод.