БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади  татбиқи Аксияи ҳизбии  “Рӯзи ёдоварӣ”   дар Мазори Ҳазрати Хӯҷа Челони Ҷамоати деҳоти Балҷувон  бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  дар якҷоягӣ бо сокинону фаъолони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  корҳои ободонӣ роҳандозӣ гардид. Дар рафти Аксияи ҳизбӣ  иштирокдорон гирду атроф ва дохили  қабристонро аз алафҳои бегона тоза намуда, як қатор корҳои ободониро  тариқи ҳашар  ба анҷом расониданд.

Дар баргузории аАксияи “Рӯзи ёдоварӣ”  зиёда  аз  25 нафар сокинони деҳаҳои Хироб, Мулкон, Дара ва Ҳайбарчашма иштирок намуда, саҳми беназири хешро  гузоштанд.

Дар фарҷоми ҷорабинии ҳизбӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроия  қайд карда шуд, ки барои ободу зебо нигоҳ доштани қабристонҳо ва даҳсолаҳо арзи ҳастӣ намудани қабристону оромгоҳҳо ҳар як сокини ба нангу орро зарур аст, ки пайваста корҳои ободонӣ, тозаю сарсабз гардонидани дохилу атрофи оромгоҳҳо  таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар ин роҳи хайр дигаронро низ  роҳнамоӣ карда, насли ояндасозро дар ин замина барои посу шод гардонидан ва эҳтиром гузоштан ба ҷойҳои муқаддас  тарбия ва роҳбаладӣ сохта,саҳми беназири хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg