БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Азиз Собир" маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Муминзода Мастура Табарӣ роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, Абдураҳим Амонзода раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” оид ба маҳалли зисти ноҳия  ва  раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "А. Собир" Нурмуҳаммад Сафаров баргузор гардид.

Тибқи тартиби рӯзномаи маҷлис сароғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аз шаш моҳаи  соли 2021 шунида шуда, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома аз нав интихоб намудани раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷонибдории аъзои ҳизб, инчунин, оид ба таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти нишон додани вокунишҳо ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва барномавии ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, тибқи талаботи Оиннома дуруст намудани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва тарбияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонони кишвари азизамон ибрози андеша намуд.

Инчунин, Муминзода Мастура Табарӣ  роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ҳам суханронӣ намуда,  зимни суханронии хеш  оид ба саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, созандагӣ тоза ва рангу бор намудани хона, кӯча, маҳалла ва шаҳрак, ҷалби аъзо аз ҳисоби занону ҷавонон ва фаъолони маҳаллаи мазкур, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва риояи гигиенаи шахсӣ, дар арафаи идҳою ҷашнҳо  расонидани ёрии моддӣ ва маънавӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва аёдати собиқадорону соҳибэҳтиромон зикр намуданд.

Пас аз маҷлис ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ гардида,   ба иштирокдорон  варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg