БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ТАБИАТ ВАЗИФАИ МАН АСТ!

АНДЕША. Дар саёрае, ки мо зист мекунем аз табиати бойи он ҳар лаҳза истифода мебарему аммо назди худ боре суоле намегузорем, ки ман бояд барои ин табиат чи корро анҷом диҳам. Чунин муносибати бетарафонаи мо ба табиат ҳар лаҳзаву ҳар рӯз сарватҳои онро мисли боду ҳаво, бешазору ҷангалзор, ҳайвонотҳои нодир хароб намуда, бештари манзараҳои зебояшро нобуд сохтаем.

Ахлот ва корҳои шахсии ҳаррӯзаи мо ба зарари табиат мебошад. Мисоли оддиеро пеши назар меорем, ки дар як рӯз мо аз мағоза кадом зарфҳоро харида, ба куҷо мегузорем, дар роҳу кӯчаҳо чиро мебинем албатта зарфҳои пластикиву полиэтиленӣ. Ҳангоми вазидани шамол дар осмон мисли магас ба чашми мо “салафан” ва дигар намуди сабуки партов меафтад. Дар боридани борон бошад мо ҷӯй ва дарёҳоро пур аз зарфҳои пластикӣ мебинему оҳи сард мекашем.

Мо шаҳрвандон ва сокинони саёраи замин уҳадорем, ки ҷиҳати ҳифзи табиат худро масъул шуморему муносибати худро ба ин неъмати бебаҳо хуб ба роҳ монем. Назди худ вазифа гузошта, охири ҳар ҳафта ба тоза намудани зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ҳадди ақал ба муддати  1 соат машғул шавем. Агар мо дар кӯча ва маҳаллае, ки зист менамоем, мунтазам дар фикри ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани сарватҳои он бошем дар муддатҳои кӯтоҳ  табиати рангини бо боду ҳавои мусаффо моро насиб мегардад.

Дар муҳити оила зарур аст, ки фарзандон ва аҳли оиларо ба ҳифзи табиат водор созем, онҳоро мунтазам ба корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ ҷалб созем. Дар чунин сурат мо бо боварӣ  гуфта метавонем, ки ин табиати зебо то абад боқӣ мемонад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg