БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ДУРӮҒҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо пас аз тамошои барномаҳои ТЭТ ҲНИ дар сомонаи видеохостингии “You tube” аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин-islohTV “Минбари муҳоҷир”, Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон “Суҳбати онлайнии М.Кабирӣ”, Ашур Ҳусенов-Группа 24 “Ҳақ ва Ботил”, назари манро сару либос, шароити зиндагӣ кардан (ҷойи баромад кардан, утоқ), таҷҳизотҳои дар наздашон буда ва сухангӯйии по дар ҳавои онҳо, бар зидди муллоҳо, омӯзгорон умуман халқи тоҷик, ки маншаъ аз ақидаҳои ифротии пиронашон дар солҳои 90-ум буд, гирифта шудааст. Аммо инро бояд донист, ки “Кур як бор дар чоҳ меафтад”. Миллати тоҷик дигар он мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, ки ба хиёнаткорию бадрафтории шумо бовар кунанд. Онҳо дарк кардаанд, ки ҳадафи ягонаи шумо аз байн бурдани кишваре, ки дар он сулҳу субот поидор аст, бурдан аст. Дигар мардуми сарбаланди мамлакат ба ин кор ҳеҷгоҳ иҷозат намедиҳанд ва амалҳои шуморо пурра маҳкум мекунанд.

Метавон як чанд тавзеҳоте оид ба  М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусенов ва ба дигар хамсафонашон тааллуқ дошта, манзур намоям. Дар зимн суоле ба миён меояд, ки онҳо дар ҷое кор намекунанд, рӯзи дароз бо хабарчинӣ, сохтакорӣ, дар гуреза карор доранд чи гуна маблағ ба даст меоранд? Албатта, дар ин ҳаёте, ки мову шумо зиндагӣ дорем, шоҳиди роҳи онҳо, кор ва зиндагии онҳо ҳастем. М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусенов боре дар замине каланд намезананд, дар сохтмоне кор намекунанд, то соҳиби нон шаванд. Кори онҳо ба ҷуз байни миллати тоҷик низоъ барангехтан ва бо бадгӯйию таҳқири ин миллат дигар чизе нест. Аслан хуб фикр кунем, сохти ботини маънавии инсон он аст, ки дар дарун чи бошад тавассути забон ба берун меояд. Аз ин бармеояд, ки ботини онҳо ба монанди суханонашон бад аст. Онҳо доим аз апайи камбудии дигарон ҳастанду аз гиребони чиркини худ ғофиланд. Ҳоло он, ки Низомии Ганҷавӣ гуфтааст:

Айби касон маганду эҳсони хеш,

Дида фурӯ кун ба гиребони хеш.

Оё ин шахсияти бузург то ба андозаи шумо палидон намедонистааст. Албатта медонистаасту аммо ба монанди шумо хоинони фурӯхташуда байни мардум фитна намеандохт. Чуноне шумо дар ҳар як баромадатон аз дини Ислом ҳарф мезанед,  оё инро намедонед, ки Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: “Касе, ки дар байни уммати ман тафриқа меандозад аз уммти ман нест ва ман дар қиёмат ӯро шафоат намекунам ва аз умматонам намегирам”.

Ҳамагон шоҳиди кори онҳо ҳастем, ки дар хона тинҷу ором нишаставу тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет байни ҷомеаи мо, ки дар ҳоли рушду нумӯъ қарор дорад ва зиндагии мардум рӯз аз рӯз хуб шуда истодааст, ҷуноне менамояд, ки дар чашми душмани мо хок, хор ё сузан халида аст ва хоҷагони хориҷияшон сари М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусенов ва ба дигар хамсафонашонро мағзшӯи карда, (кӯр карда) бо ҳиллаву найранг ва тафриқаандозӣ бар зидди миллати худ равона сохтаанд. Воқеан, агар мушоҳида карда бошед ҳангоми пахши мустақим (манзурам аз нафарони сохтаи худаашон бо як ном) дар ҳама каментарияҳои видеохостингҳояшон бо суханони “Бародар лайка бҷқ”, “лайко каман ку”, “лайка бҷуқ дигаро бинан” ва дигару дигар навишта, ҳар гуна найранг ва сохтакорӣ карда, бо ин роҳ маблағи ҳаром ба даст меоранд. Боз ин аҳмақҳо аз дину миллату давлат сухан мегуянд!  Ин аст натиҷаи кори шумо аблаҳон! Воқеан, М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусенов ва ба дигар хамсафонашон гуфтаниям, ки онҳо  шайтонҳои рӯсиёҳ дар ин дунёву он дунёанд. Аҷибаш як чиз аст, ки ҳангоми пахши мустақим, касе тамос мегирад бар зидди давлату миллат сухан мегӯянд, аз ин бармеояд, ки онҳо на фаросати сухангуйиву на ақли комил доранд. М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусенов ва дигар хамсафонашон суханони чунин шахсоне, ки бар зидди давлату миллат равона шудааст, дурӯғ ҳам бошад, дуруст мешуморанд.

Вобаста ба масъалаҳои болозикр, аз ҳама мардуми хурду бузурги Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки шукронаи ин тинҷиву оромии кишвар намуда, ба ҳар гуна дасисаву буҳтонҳои ин гуна гурӯҳҳои зархарид ва дастпарвари хоҷагони хориҷӣ дода нашуда, бо зиракию дониши баланд бар онҳо мубориза бояд бурд. Инро бояд донист, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик кори некро анҷом надодаанд ва анҷом доданӣ нестанд. Танҳо ҳар як ватандӯсти асил метавонад бо дасту дилу  нияти пок ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Асроров Саидшо, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg