БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар  Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти  давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло баргузор гардид.

Дар маҷлис натиҷаи фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давраи оянда, амалисозии нақша-чорабиниҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардид.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид баромад намуда, дар бораи фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроия  ҳисобот дод. Аз рӯйи масъали якуми рӯзнома мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия дар ноҳия Моҳинави Қурбонмад ва мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Шамсуллоева Омина ба музокира баромаданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар ноҳия Алиев Зафар баромад кард.

Сипас, масъалаи ташкилӣ, тағйироти кадрӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ баромад намуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид бо сабаби ба синни нафақа расиданаш аз вазифа озод карда шуда, Сулаймонова Лола бо розигии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо овоздиҳии аъзои  Кумитаи иҷроия дар ноҳия  ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид. Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фарҷоми Маҷлис ба аъзои  фаъоли ҳизб сипосномаи Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва ба аъзои  нави ба сафи ҲХДТ қабулгардида  шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg