БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРОМГОҲҲОРО ОБОДУ ЗЕБО МЕНАМОЕМ!

ЁВОН. Бахшида ба Иди Саиди Қурбон дар 25 оромгоҳҳои ноҳия шанбегӣ баргузор гардид.

Чунин як шанбегӣ дар оромгоҳи деҳаи Бош- Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин  баргузор гардид, ки зиёда аз 320 нафар мардуми маҳаллаи Бош-Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин  xиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”  дар ҳашари дастаҷамъона  иштирок намуданд.

Мардуми деҳаи Бош Қайнар дар ин рӯз барои ободу зебо ва тоза намудан аз алафҳои бегона, нарм намудани бехи дарахтон ва додани об ба гулу бутаҳо дар оромгоҳи деҳаи мазкур сарҷамъона ба ҳашар баромада, як гӯшаи мавзеъро тоза карданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо домуллоимомҳо, масъулини ҷамоат ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сокинони деҳҳаро назаррас арзёбӣ намуда, барояшон изҳори ташаккур намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg