БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ЭҲТИЁТ БОШ!

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати паст кардану мубориза бурдан бар зидди бемории сироятии коронавирус, ки моҳҳои охир мавҷи дуюми он дар саросари дунё хуруҷ карда, кишвари азизи моро низ бетараф нагузошта истодааст. Аз ин лиҳоз мо намояндагони миллати куҳанбунёди тоҷикро мебояд, ки бо риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва  аз  тавсияҳои табибон ҳамаҷониба истифода намуда, кору фаъолият намоем. Зеро хатари ин вабои аср натанҳо таҳдид ба чони шахс,  балки оқибатҳои зиёновари он ба солимии  чомеаи шаҳрвандӣ  низ ниҳоят бузург хоҳад буд.

Ба ҳамин хотир масъулини Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб санаи 21-уми июли соли равон дар маркази шаҳрак аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бе ниқоб мабош!»-ро баргузор намуданд.

Зимни баргузории Аксия масъулини ҳизбӣ бо сокинон суҳбату вохӯриҳои фосилавӣ ташкил намуда, дар байни онҳо варақаҳои таблиғотии тавсияшударо тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg