БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ВАҚТ ОРЗУҲОИ МОРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Дар давлатҳои мутаррақӣ шаҳрвандон ҳар рӯз, соат ва дақиқаҳои худро самаранок истифода мебаранду ба корҳои беҳуда вақти хешро сарф намекунанд. Аз кор ва дигар амалҳое, ки ба манфиати онҳо нест эҳтиёт намуда, худро дур месозанд. Аз ин лиҳоз ин давлатҳо ба тараққиёт расиданду мардумаш аз лиҳози иҷтимоӣ сарватманд мебошанд. Вақти худро онҳо бо тартиб ва нақшаҳои кашидаи худ сарфа менамоянд. Дар ҷомеаи имрӯзаи кишвари мо кам нафарон ҳастанд, ки вақти худро тибқи реҷа мегузаронанду аз он бештар манфиат мебаранд. Мо агар дар истифодаи вақти худ сарфакорона ва бо нақшаҳо амал кунем мақсадҳои некамон амалӣ мегардад. Баъзан одатҳои маъмулии мо қисме аз шаҳрвандонро танбал кардааст. Дар иҷрои баъзан кор ҷиддӣ машғул нашуда мегӯянд, ки “агар дар насибам бошад, мешавад...!” маҳз ҳамин одатҳо бештари шаҳрвандонро ба сатҳи камбизоатӣ ва миёна оварда расонидааст. Мо соҳиби вақти худ ҳастем, онро бояд хуб истифода барему кореро иҷро кунем, дар ин сурат мо баракати умри гузаронидаи хешро мебинем.

Нафаре ба ман муроҷиат намуда гуфт:  “ягон кор нест, намедонам чи кунам, пул ёфтан лозим!”. Дар ҷавоби хитоби ӯ ман фаҳмонидам, ки вақтатро беҳуда нагузарон ҳатман ба коре машғул шав, натиҷааш баъдан бароят мусаллам мешавад. Гуфт: “чи кор бояд иҷро кунам, кор нест ку!”. Ман фаҳмонидам, ки атрофи хонаат пур аз алафи бегона ҳаст, барои хӯроки чорво ҷамъоварӣ намо ва онро дар ҷойи хушк захира намо. Ин корро карду зиёда аз ду мошини боркаш алафи хушк захира намуд.  Ҳар рӯз бо масхара хитоб мекард, алафро ҷамъ кардем аммо на фоидааш асту на зарараш. Хуллас баъди гузаштани се моҳ нақлиёти боркаш омада алафҳои хушкшудаашро ба маблағи 1500 сомонӣ харидорӣ намуд.  Яъне, ҳар моҳи гузаронидааш, 500 сомонӣ фоидааш овард. Маҳз ин мисоли оддие буд, ки ман дар зиндагии худ рӯбарӯ шудам. Дар бештари маврид ҳангоми гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум шаҳрвандон савол медиҳанд оид ба мушкилоти мавҷудаи худ, мо аз рӯи фаҳмиши хеш ҷавоб медиҳем ва мефаҳмонем, ки вақте, ки шумо доред бояд самаранок истифода бурда шавад. Аз рӯи мақсадҳо ва нақшаҳои таҳиянамуда истифодабарии вақт зиндагии мо дар муддати як сол ранги дигар мегирад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg