БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ЁВОН. Бемории коронавирус беморие мебошад, ки дар ҳолати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва истифода набурдани ниқоб ва дастпӯшакҳои муҳофизатӣ дарҳол ба инсон мегузарад.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи ҷавонони Авангард дар ноҳия дар арафаи иди саиди Қурбон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сераҳолии ноҳия аксияи тақсимоти ниқоб доир карда шуд.

Дар рафти баргузории Аксияи мазкур зиёда аз 3000 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ба сокинон ва меҳмонони ноҳия тақсим карда шуд.

Маҳз аксияи мазкур ба он хотир ташкил карда шуд, ки дар арафаи иди саиди Қурбон мардум бештар ба бозорҳо барои харидорӣ намудани маводҳои ғизоӣ мераванд ва бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ зоҳир менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg