БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ АСТ!

ЁВОН. Шуруъ аз моҳи декабри соли 2019 ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии КОВИД -19 фаро гирифтааст, ки Тоҷикистони мо низ аз ин беморӣ орӣ нест. Ҳамарӯза дар ҷаҳон ҳазорон нафар ба ин беморӣ мубтало гардида, ҷони садҳо нафар ба доми марг меравад.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавӣ аз бемории КОВИД-19 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи Авангарди назди шуъбаи ВКД дар ноҳия дар арафаи Иди Саиди Қурбон ҳамоиш доир гардида, барои тақсимоти ниқоб, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷойҳои сераҳолии ноҳия суҳбатҳо доир карда шуд.

Аз ҷониби Абдуллозода Саёҳат муовини раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қайд карда шуд, ки дар арафаи иди саиди Қурбон дар бозорҳо ва мағозаҳо шумораи аҳолӣ зиёд мегардад ва аз ин рӯ мо Аксияи мазкурро дар ин самт равона менамоем. Дар Аксияи мазкур зиёда аз 3000 ниқобҳои муҳофизатӣ дастраси аҳолии ноҳия гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg