БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ НАВБАТӢ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДОИР ГАРДИД

БОХТАР. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд.

Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудирони шуъба, бахшҳо ва  кормандони масъули мМақомоти иҷроияи маҳаллли ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Аз рӯйи масъалаи рӯзномаи якуми маҷлис Иброҳимзода Неъматулло ҳисобот дода,  қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолияти худро густариш дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидастд. Дар ин давра шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, 9 ташкилоти ибтидоӣ низ таъсис дода шуд. Дар баробари фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо”, “КАТС”, “Шифо”-ро метавон намунавӣ хонд.

Дар идома масъалаи таъсис ситоди “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ таъсис ёфта, ҳайати ситод аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб  интихоб карда шуд.

Дар интиҳои маҷлиси узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис ба муҳокима баромада, фаъолияти  Кумитаи иҷроияи шаҳрро хуб арзёбӣ намуда, гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки моро лозим аст, сокинонро ҳарчӣ бештар огоҳ созем ин хатарҳои терроризму экстремизм, махсусан фаъолияти гурӯҳи ифротии ҲНИ, Паймони ба номи миллӣ ва “Гурӯҳи 24” мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg