БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

БАЛҶУВОН. Дар  шуъбаи маорифи ноҳия Балҷувон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси ноҳияи БалҷувонҶалилзода Шералӣ, муовини  аввали раиси ноҳияи Балҷувон ЗоирзодаМаърифат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон   Мирзозода Исуф Кавг, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон   баргузор гардид.

Дар маҷлис  чор  масъала натиҷаи фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраҳои оянда, амалисозии нақша-чорабиниҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баррасии нишондиҳандаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон аз натиҷаи рейтинги  ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод карда  шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қарорҳои дахлдор  якдилона қабул  карда шуд.

Дар идома Ҷалилзода Шералӣ  миннатдории  худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳми худро расонидааанд баён дошта, оид ба камбудиҳои  ҷойдошта  ибрози  ақида намуд.

Масъулини Кумитаи иҷроия тасмим бар он гирифтанд, ки  камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф карда, баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg