БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидои “Маориф” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , мулоқоташон бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар машварати кишоварзони вилоят ва дар бораи эълон намудани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро шарҳу тавзеҳ дода, масъулин оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.