БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЛҲАЗАР АЗ ХОИНОНИ НАҲЗАТӢ

ВОКУНИШ. Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 – соли соҳибистиклолии кишвар ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, давлати ба пораҳо тақсимгардидаро ба як кишвари воҳид табдил доданд.

Наход, муроҷиату дархостҳои миллионҳо нафар модарону духтарон, ҷавонону сокинони Тоҷикистонро, ки бар зидди ТТЭ ҲНИ буда, амалҳои ғаразноки ҳизби наҳзати исломиро маҳкум мекунанд, роҳбарони олии Созмони бонуфузи САҲА нодида гирифта, барои ин террористон дар баргузории нишастҳояшон иҷозаи вуруд ва ҳаққи сухан гуфтан медиҳанд.

Як шаҳрванди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд фикр мекунам, ин амали Созмони бонуфузи САҲА барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таҳқир аст.
Зеро мо, халқи Точикистони сохибистиклол дар кишвари орому осуда зиндагӣ карда, ин ташкилотро ҳамчун созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ва ба қавле, адолатпаноҳи ҷаҳон медонистем, вале рафтор ва ҳаводисҳое, ки дар САҲА ба вукуъ меояд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки САҲА бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҳамкорӣ намуда, ҷинояткоронеро, ки аз ҷониби давлатҳои узви САҲА ҳамчун террорист шинохта мешаванд ва амалҳои онҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрати ҷаҳон маҳкум карда мешаванд, ҷонибдорӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.
Ин хоинону мазҳабфурӯшон, ТЭТ ҲНИ роҳбари бадтинату ҳаромаш Муҳиддини Кабирӣ, ба миллат ва Ватани хеш хиёнат кардаву бо ҳамаи хоҷагони хориҷии худ ба хотири курсию мансаб ба ҳама гуна амалҳои ифротгароӣ тавъам буд, бо кадом рӯ, бо чӣ гуна масъулияте, ки олудаи кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ аст, ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро роҳбарӣ мекунад?
Эй мардуми боору номуси Тоҷикистон,алалхусус ҷавонон ва муҳоҷирони азизу мехрубон, ҳушёр бошед ва фаромӯш насозед, ки паймони бо ном "миллӣ", ки мухолифини давлатанд, дар қолаби ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати ислом роҳандозӣ шудааст ва дар шакли нав ҳадафҳои ғаразноку ҷудоиандозиро ба муқобили миллати соҳибтамаддуни тоҷик таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирии хоину мазҳабфурӯш матраҳ карданист.
Кабирии хоину мазҳабфурӯш бо пайравони паймонхоҳаш мехоҳанд, бо риёкориву сохтакориҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, бо туҳмату буҳтон, сафсатаю дурӯғҳои фитнаангез мехоҳанд оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва Истиқлолияти комили миллиро халалдор намоянд.
Имрӯз насли ҷавони кишвар дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию фазои комили ваҳдати миллӣ умр ба сар бурда истодаанд, вале хоинони миллати тоҷик, ки ин ҳама пешравию созандагиро бо чашми хеш дида, дар фазои орому осудаи он зиндагӣ кардаанд, ин ҳамаро нодида мегиранд, нону намаки ин миллатро хӯрда, ба намакдонаш хок пошиданианд, ки ин амали хоинонаи онҳо аз чониби халқи кишвар, алалхусус ҷавонони даврони соҳибистиқлол беҷавоб намемонад.
 
Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
 
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg