БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ШАВҚОВАР ДОИР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ.  Мусобиқаҳои  варзишӣ  оид ба  фуболи  хурд  барои  дарёфти «Ҷоми  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон» байни  дастаҳои футболи ғайрикасбии  деҳоту  маҳаллаҳо  мутобиқи   Низомнома ва  ҷадвали  таҳия  ва тасдиқгардида,  дар  ҳамкорӣ  бо  бахши кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  ноҳия  баргузор  гардида  истодааст.

Ин  навбат  тибқи  ҷадвал марҳилаи  интихобии  давраи 1 -ум  байни  деҳоти  ҷамоатҳо дар варзишгоҳи  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1 деҳаи    Баҳор таҳти  роҳбарии Кумитаи  тадорукоти  мусобиқа, байни  дастаҳои  футболи  ғайрикасбии  маҳаллаи  Муротеппа ва  Тулаганови  Ҷамоати  деҳоти Фирӯза  баргузор  гардид.

Дар  ин  вохӯрӣ  футболбозони  деҳаи  Муротеппа  бартарӣ  нишон  дода,  бо  ҳисоби  3 ба 1 ба  дастаи  деҳаи  Тулаганов  ғолиб омада,  ба  даври  ниҳоӣ  роҳхат  гирифтанд.

Мусобиқаҳо  аз  рӯи  қоидаҳои  футболи  хурд  баргузор  гардида  истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg