БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ГАРДИД

ҲАМАДОНӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ, аъзои гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Дар маҷлис масъалаҳои натиҷаи фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давраи оянда, амалисозии нақша-чорабиниҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баррасии нишондиҳандаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия аз натиҷаи Рейтинги ҳизбӣ,  иҷрои “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва таъсиси ситоди ноҳиявӣ, ворид кардани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳия, баррасӣ карда шуданд.

Аз рӯи масъалаҳои 1 ва 2 раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Д. Ғаффорзода баромад кард. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маориф Ғоибзода Н. ба музокира баромада, оид ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии маориф ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи сеюм мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроия ноҳия Гадоӣ Сайдалиев баромад карда,  қайд намуд, ки кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки камбудиҳо ислоҳ ва нишондиҳандаҳо хубтару беҳтар ва дар сатҳу сифати баланд амалӣ карда шаванд.

Оид ба иҷрои нақшаи “Обуна – 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, инчунин дар бораи тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳия Д. Ғаффорзода баромад кард.

Раиси ноҳия, Одиназода Бозоралӣ Неъмат баҳри беҳтаршавии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, иҷрои саривақтии нақшаи “Обуна – 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва иҷрои аксияҳои ҳизбӣ оид ба корҳои ободонии маҳал дастуру супоришҳо дод.

Дар охир барои масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg