БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони    “Рӯзи ёдоварӣ” бахшида ба иди Қурбон кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтиёрон, аъзои фаъоли  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия ва дигар фаъолони ҳизбӣ дар қабристонҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ҳашари ободонӣ баргузор намуданд.

Дар ин ҳашар зиёда аз 300 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро аз алафҳои хушкшуда ва  хошок ба иҷро расониданд, ҳамзамон дар кори ҳашар имомхатибон низ иштирок доштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg