ПАНҶ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» ва «Ҳаёти нав» бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.
Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Одинаев С ва Камолов Б аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Одинаев С ва Камолов Б раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.
Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо вобаста ба амалӣ шудани аксияҳои ҳизбӣ ва сазовор ҷашн гирифтани яке аз санаҳои муҳими миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.