БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои созандагиву ободонист

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Ҳалевард” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, амалҳои номатлуби ҷомеа, нашъамандию нашъаҷаллобӣ сухан ронда, иштирокдоронро барои  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзанд ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg