БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бӯстон-2”-и маҳаллаи М. Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатут бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабл карда шуданд.

Комилҷон Абдураҳмонов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар фарҷоми маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳусейн Мӯсоев ва Меҳроҷиддин Мерганов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, ба аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дастур доданд, ки дар аксияҳои ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ, таъмири мактабҳо, пешгирии бемории коронавирус ва дигар дастуру супоришҳои ҳизбӣ фаъол бошанд. Ҳамзамон дар заминҳои дар ихтиёрашон буда, ҳарчи зудтар кишти такрориро ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg