
ВАХШ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти Рудакӣ, деҳаи Дӯстӣ, оид ба самаранок истифода намудани заминҳои корам, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Дар рафти баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин қайд гардид, ки захираи маводи хӯрока барои давраи тирамоҳу зимистони соли 2021-2022 хуб ҷамъоварӣ намоянд.
Пас аз анҷоми суҳбат масъулин аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан карда, аз натиҷа маълум гардид, ки заминҳо пурра бо кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ банд мебошанд.