
ВАХШ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Тоҷикистон»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо иштироки раиси Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадов Одилҷон баргузор гардид.
Маҷлисро раиси Маҳмадов Одилҷон оғоз намуда, мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Холов Ибодулло оид ба фаъолияти ташкилот дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Бо тарафдории аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Холов Ибодулло интихоб шуд.
Дар охир аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроия барои хуб ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, саривақт пардохт намудани ҳаққи узвият, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб дар ташкилот ва дигар корҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода шуд.