
А. ҶОМӢ. Бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар бораи маводи нашрнамудаи мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён дар нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” аз 14 июли соли 2021 №28 таҳти унвони “Камбудиҳо якранганд” машварати кории ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни ҷараёни машварати корӣ баъди мутолиаи пурраи маводи мазкур қайд карда шуд,ки воқеан ҳам камбудиҳои овардашуда дар ҳама кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ҷой доранду баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта на танҳо як чор-панҷ нафар масъулини кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, балки ин масъулият бар зиммаи ҳамаи роҳбарият ва масъулини ҳизбӣ аз боло то ба поён вобастагии зич дорад.
Ҳамчунон баҳри бартараф намудани ҳамаи камбудиҳо як чанд пешниҳодҳое рӯи кор омад, ки дар ахбори алоҳида ба роҳбарияти мақомотҳои болоии ҲХДТ ирсол карда мешавад.