
А.ҶОМӢ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби гурӯҳи волонтёрони ҳизбӣ барои пешгирӣ аз бемории коронавирус, дар назди бозори марказии ноҳия ба сокинон, алалхусус таксиронҳои хатсайрҳои дохилӣ ва беруна варақаҳои таблиғотӣ ва банерҳои тиббӣ,ки бо дастгирии вакили мардумӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дастрас шудааст, тақсим кардаву ба шаҳрвандон фаҳмониданд, ки бе ниқоби муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор накунанд, то худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ муҳофизат намоянд.