
А. ҶОМӢ. Имрӯзҳо дар баробари пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва иҷрои бандҳои нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, қариб дар ҳама майдонҳои варзишии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд баргузор гардида истодааст,ки дар онҳо масъулин ва намояндаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Дар доираи ин чорабинии мазкур дирӯз бозии байни дастаҳои “Обшорон” ва “Қулсанг” баргузор гардид, ки футболбозони дастаи “Қулсанг” бартарии зиёд нишон дода, дастаи ҳарифро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст доданд.