БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ҲИЗБӢ-МУСОИДАТ БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

А. ҶОМӢ.  Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, Муминзода Мастура Табарӣ роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдураҳим Амонзода раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” оид ба маҳалли зист тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо  усули  “Хона ба хона” оид ба самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии пандемияи коронавирус, захираи дусолаи маводи хӯрока, корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалли зист, дар ҷамоати шаҳрак вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин шоҳид гардиданд, ки сокинон барои таъмини маводи хӯрока барои ду соли оянда аз маҳсулотҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва меваҳои тару тоза консерва ва ҳаргуна хӯришҳо омода намуда истодаанд.

Ҳамчунон зимни амалии чорабинии мазкур, гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони маҳаллаҳо ҷиҳати захираи дусола ва омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони имсола  суҳбату мулоқотҳои судманд баргузор намуда, дар ин самтҳо ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg