БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳу Ваҳдати миллӣ омили рушди кишвар аст

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва раиси ташкилоти ибтидоии «Таъминоти нафақа» Азиззода Бурихон бо аъзо ва кормандони ҳизбӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат ва Азиззода Бурихон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд, инчунин оиди сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, суханрони намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Таъминоти нафақа» шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони муттасаддӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg