БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ЗАРНИСОР"

ҶАЙҲУН. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии "Зарнисор" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Ғафорова Насима  мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Тибқи тартиби рӯзномаи маҷлис сароғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ барои шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома аз нав интихоб намудани раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷонибдории аъзои ҳизб қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Оиннома ва Барномавии ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ "КОВИД-19", истифода намудани маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва инчунин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg