БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФЗОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ –ТАЪМИНИ РӮЗГОРИ ОСОИШТА

Н. ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия вобаста ба иҷрои  супоришҳои  роҳбарияти болоии ҳизб бо  мақсади баргузории  мулоқоту  суҳбатҳо бо  усули  «Хона  ба  хона»  ҷиҳати    афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам, дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар  мулоқоташон  бо фаъолони  вилояти  Хатлон ҳафтае  ду  маротиба  рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе  ба деҳаҳои  ҷамотҳои  деҳот рафта, аз  ҳар  як  оила  дидан  намуда,   истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигии  сокинонро  дида  баромада истодаанд.

Ин  навбат  масъулин  аз  хонаҳои  сокинони деҳаи  Муъминобод  Ҷамоати  деҳоти Фирӯза дидан  намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигии сокинонро  дида  баромаданд.   Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза аз ҳар  як  сокини  деҳот даъват  ба амал  оварданд, ки аз  замину  об  самаранок  исифода  бурда, ҷамъоварӣ  ва  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намуда,  аҳли  оилаи  худро аз  норасогии  маводи  ғизои  танқисӣ   ва  муҳтоҷӣ  эмин  нигоҳ дошта, дар  таъмини  бозори  истеъмолӣ  ҳиссаи  худро  гузоранд.

Сокинони деҳа  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  руҳбаланд гардида, онҳоро муҳиму  саривақтӣ шуморида,    дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки дар пешрафту  шукуфоии  мамлакат ва таъмини  бозори  истеъмолии кишвар саҳм  арзандаи  худро  мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg