
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо волонтёрон - аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Солимии миллат боигарии давлат” гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сокинон зиёда аз 400 адад варақаҳои тарғиботӣ ва 200 адад брошураҳои таъкидиро дастрас карданд.