БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ТЕМУРМАЛИК. Дар маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз рӯи масъалаҳои натиҷаи фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраҳои оянда, амалисозии нақша – чорабиниҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, баррасии нишондиҳандаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз натиҷаи рейтинги ҳизбӣ, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба масъалаҳои якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҳисобот дод.

Инчунин, оид ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Доир ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, яъне тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзои ҲХДТ дар  семоҳаи дуюми соли  2021  ахбороти  Раҷабзода Маҳмадсаид шунида  шуда, дар он қайд гардид, ки дар семоҳаи дуюми соли 2021 Кумитаи иҷроия 12 Протокол оид ба қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ ворид гардидааст. Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия Талбакзода Рухшона ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Акрамзода Умеда иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фрӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси кумитаи маҳалла/деҳот”, “Меҳмонхонаи беҳтарин (дар манзили истиқоматӣ)”, “Ташкилоти ибтидоии сол (дар деҳот)”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча (деҳа)” ва “Хонаи тоза” пешниҳод шудааст, эълон гардидааст

Дар охири маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вазифадор гардиданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани 13 – уми  ҲХДТ ва  қарорҳои  маҷлиси  КИМ ҲХДТ – ро  дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ ба роҳбарӣ гирифта, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg