БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҲО НЕЪМАТЕ, КИ БА РАНҶИ ЗИСТАН МЕАРЗАД, САЛОМАТИСТ!

АНДЕША. Вируси Ковид-19 душмани зираку  ҳиллагар буда, дар организм як муддат худро  ошкор намекунад ва аз бепарвогї ва беаҳамиятии одам истифода карда метавонад дар вуљуди инсон ѓалаба кунад. Инчунин, ин вирус душмани ноаён буда, сарҳадро бемамоният убур мекунад. Аз таҷрибаи соли гузашта хулоса кардан мумкин аст, ки  тамоми давлатҳои пуриќтидор ва боќувват аз ин беморї дар канор намонда, пеши роҳи ин бемории сироятиро гирифта натавонистанд.

Мутахассисон дар ин аќидаанд, ки дар ҳавои атмосфера вирусҳо ҳам дар ќатори инсон ҳаёту фаъолият доранд. Хељ кас  гуфта наметавонад, ки вирусҳо  кай ба  вуљуд  меоянду  кай маҳв  мешаванд.

Новобаста аз  истифодаи маводҳои доруворї як роҳи пешгирии ҳама намуди бемориҳо ҳатман шўстани дастон, ки интиќолдиҳандаи ҳамаи намуди вирусу бемориҳо мебошад,  яъне риояи ҳатмии тозагиро таќозо мекунад.

Дар организми инсон дастгоҳи дифої баҳри бартараф кардани вирусу бемориҳое, ки аз бурун вориди организми инсон мегарданд мављуд аст.  Хушбахтона имсол, яъне соли 2021 барои пешгирии ин беморї  намудҳои гуногуни ваксинаеро рўи кор оварданд, ки дар бари дастгоҳи дифоии бадан дар муќобили вирус рост истода, барои нест кардани тарсу ҳароси организми одам мубориза мебарад. Бояд одамон ба худтабобаткунї  роҳ надиҳанд.

Ваксинаҳо дар ҳар бадан ҳар хел таъсир доранд, вобаста ба ҳассосияти бадан (аллергия) таъсир мегузорад. Баъди ваксина гирифтан  ҳарорати бадан пасту баланд гардида, одам дар худ беҳолиро ҳис мекунад, ки ин ҳеҷ хавф надорад.

Соли гузашта мардуми кишвари мо аз омадани вируси хатарзо дар тарсу ҳарос афтида ин бемориро бисёр љиддї ба худ ќабул карданд ва ба гуфтаи табибону мутахассисон эътибори хоса  дода, барои пешгирии ин беморї  ва дар ҳолати дучор шудан кадом амалҳоро бояд риоя кард, бо ќатъият талаботҳои беҳдоштиро  риоя карданд ва дар муддати кўтоҳ тавонистанд ин вирусро бо сабукӣ аз худ бартараф намоянд, дар ҳоле,ки тамоми кишварҳои доро ва пуриќтидор ба ин беморї дучоромада талафоти љонии зиёд доданд.

Тољикон як одати хуби ќадима доранд, ки пеш аз ба сари дастурхон нишастан  аввал дастонашонро мешўянд ва ба кўдакони хонавода низ ин амалро талќин мекунанд, ки ин одати  бисёр хуб аст. Вобаста ба бемории сироятии коронавирус  мебояд ин амалро  дучанд зиёд гардонем, чунки дар оянда худ ва наздиконамонро аз бемориҳои  афзоянда эҳтиёт намоем.  

Сунатуллоева Мавзуна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg