
ДАНҒАРА. Пас аз ба охир расидани Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Акрамзода Умеда, бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати деҳоти Корез бо усули “Хона ба хона” бо сокинони деҳаи Корез вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи дусолаи маводи хӯрока, пешгирӣ намудан аз бемории коронавирус, ободу зебо намудани маҳали зисти худ ва рангу бор намудани деворҳои атрофи хонаи истиқоматӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.