ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ” дар толори чойхонаи маҳаллаи Кулдимони ҷамоати деҳоти «Меҳвар» бо сокинони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти баргузории вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти комиҷроия Шомаҳмадзода Музафар ва котиби ҷамоати деҳоти Меҳвар Асоев Орзуҷон иштирок намуда, оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳо намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.
Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, “Кулдоман” номгузорӣ карда шуд. Дар фарҷом ба нафароне, ки дар асоси ариза ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.