
ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Воеъ дар маркази хизматрасонии "Султони Кабир" бо заноне, ки машғули кор буданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ қайд гардид, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус мо бояд саҳми худро гузошта, ба аъзои оила ва наздикони худ таъкид намоем, ки чораҳои беҳдоштиро риоя намоянд.